
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Хизби Халкии Демократии Точикистон дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар ноҳия бо маром ба роҳ монда истодаанд.
Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар деҳаи Ҳамид Бароти Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов миёни аҳолӣ варақаҳои тавсиявии таблиғотиро насб намуданд ва аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки рӯзи 11-уми октябр ҳама ба интихобот фаъолона иштирок намоянд.