БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ НОМЗАДИ АРЗАНДА БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ ва гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот суҳбату мулоқотҳо баргузор карда истодааст.

Чунин вохӯрӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук баргузор гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ вобаста ба муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду тараққиёти Ватан андешаронӣ карда гуфтанд, ки интихоби номзади арзанда барои ояндаи дурахшони Ватан ва боз ҳам таъмин гардидан ба зиндагии шоистаи шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён изҳори миннатдорӣ нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карда шуда, онҳо иброз доштанд, ки рӯзи 11-уми октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg