БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧАРО ОҚИЛ КУНАД КОРЕ, КИ БОЗ ОРАД ПУШАЙМОНӢ

ВОКУНИШ.  Мусаллам  аст, ки  терроризм  ва  экстремизм  яке  аз  мушкилотҳои  асосии  имрӯза  буда, махсусан  ҷавононро  бо  ҳар  гуна  ваъдаҳои  бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар  менамоянд.

Дунёро  накӯ  бингарӣ  ҳама  панд  ҳасту  вазъи  сиёсии  ҷаҳони  имрӯза, аз  ҷумла  давлатҳои  исломӣ  хеле муташанниҷ  буда, таъсири  он  ба  тамоми  кишварҳои  олам, аз  ҷумла  кишвари  мо  расидааст.

Гурӯҳҳои  террористӣ, ба  ҷомеаи  имрӯза  бо  ҳар  гуна  роҳҳо  зарарҳои  молию ҷонӣ  мерасонанд.

Ин аст, ки дар  ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра  мавзӯи  асосӣ  ба  пайвастани  шаҳрвандон ба гурӯҳҳои  тундрав  равона  шудааст, ки  ин  албатта  яке  аз  мушкилотҳои  асосии  ҷомеаи  имрӯзаи  мо ба  ҳисоб  мераванд.

Сад  шукри  Эзиди пок, ки  дар  марҳалаи  имрӯза  мардуми  шарифи  мо  новобаста  аз  қавмияту  миллат, урфу одат  ва  дину  мазҳаб  дар  як хона, ки онро ном Тоҷикистон аст, орому  осуда  умр  ба  сар  мебаранд.

Чун ин ҳама ҳамдиливу  ҳамдигарфаҳмӣ  ва  дӯстию  рафоқати  халқияту  миллатҳои  дар  Тоҷикистон зиндагикунандаро  дида, пеш  аз  ҳама хоинону   душманон, махсусан  террористони  наҳзатӣ  ҳасад  мебаранд, ҳай вой бар ҳолатон. Ҳама   рафтору   гуфтор  ва пиндори   ин  хоинону  душманони   миллат,ки  сар  то  по барангехтани  кинаву  адоват  ва  паҳн  кардани  таассубу   бадбинӣ    байни   мардуми   кишвар  аст,  талош  доранд, ки  ба ҷойи  тақвият  бахшидани ваҳдати миллӣ бо  ҳар  роҳу  восита  тухми  низоъву  нафратро  мекоранд. Мақсади  асосии онҳо ба ҷуз гумроҳ намудани мардум ва пиёда кардани ҳадафҳои душманонаю хиёнаткоронаи худу хоҷагонашон чизи дигаре нест.  Аз  ҳар  фурсати   муносиб   ёфтаашон, ҳар гуна дурӯғу туҳмат мебофанд ва дар асоси ин дурӯғашон боз ҳар гуна овозаю дарвоза паҳн мекунанд.

Бо  дарназардошти   гуфтаҳои боло ташкилоти террористӣ - экстремистии  ҳизби  наҳзат  ва  дигар  гурӯҳҳои мухолифин  имрӯзҳо пеш аз яке маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки баргузории он рӯзҳои башумор мондааст,  хеле фаъол гашта, тариқи расонаҳои интернетӣ суҳбату гузоришҳои гуногунро баррасӣ менамоянд.

Маҳз  роҳбари  Паймони  Миллии  Тоҷикистон  Муҳиддин  Кабирӣ низ аз  ин  қатор  қафо  намонда, суҳбату гузоришҳои  худро  доир  намуда, аз худ дарак дода истодааст. Кабирии хоину мазҳабфурӯш боз мехоҳад, ки аз сари нав туҳмату буҳтонҳои  беасосро  ба  сари  роҳбарону  масъулони  кишварамон  бор карда, мардумро ба доми фиреби навбатии худ бикашад.

Ин аст, ки  зуд - зуд  таҳти  роҳбариву  дастурҳояш аз тарафи пайравони  ин  хоинони  миллат тариқи шабакаҳои интернетӣ барномаву суханрониҳои зиёд сурат мегиранд, то, ки  мафкураи мардумро вайрон сохтаву иғвову шӯр барошуфтан ва ноил шудан ба мақсаду ҳадафҳои ҳарисонаву нопокашон аст.

Мардуми  шарифи  Тоҷикистон дар дарозои таърих таҷрибаи бою ғании ватандориву меҳандустӣ ва садоқат ба Ватанро дар худ касб намудааст.

Ҳанӯз мардуми  меҳнатдӯсту  заҳматкаши тоҷик   заҳри  қотилони   наҳзатиҳоро бори  охир  солҳои  1990-1992  чашидаву ба  чӣ  балоҳое  гирифтор шудаанд,  фаромӯш  нахоҳанд  кард.

Бо  ҷилваҳои  хеш  гоҳе   аз   Лаҳистону  гоҳе  аз  Олмон   ва  ё  гоҳе  аз дигар  гӯшаҳои  Аврупою Амрико кӯрнамакон, ватангумкардагон  ва  мазҳабфурӯшон  ба  монанди  Муҳиддин  Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин,  Алим  Шерзамонов,  Ашӯр  Ҳусейнов, Илҳом  Ёқубов  ва  дигар пайравони  онҳо  аҳду паймонҳои дурӯғин  баста, мехоҳанд  ҳодисаҳои  солҳои   90-уми   қарни  гузаштаро  боз  як  бори  дигар ба миён оварданианду  кишвари  азизу  ҷоноҷон - Тоҷикистони   биҳиштосои   моро  ба  хоку  хун  кашида,  давлати зебои  тоҷиконро  барҳам  додаву  мардуми меҳнатдӯсти онро  парешону  сарсон ва  ба хоҷагони хеш ғуломи ҳалқабаргӯш  карданианд.

Бо  гузашти  айём  ҳамаи он хиёнату ҷиноятҳои кардаи наҳзатиҳо ошкор  гардида  истодааст. Аммо  ин  наҳзатиҳои  чалласаводи  олимтарошҳои  иблис  дар  сурати одам,  Президент  ва  давлату  ҳукуматро  зери  танқиду  маломат  қарор  дода   истодаву  гӯё, ки  наҳзатиҳо  ба  мардуми  Тоҷикистон  дилсӯз  бошанд.  Агар мухолифин  бо  ҳамин  сатҳу  мазмунашон  дар оғози бунёди НБО  “Роғун”   фаъолият  медоштанд, ки Тоҷикистон  аз  дастгирии  моддӣ дида  бештар ба пуштибонии маънавӣ ниёз дошт, шояд аз ҷумлаи муқобилони сарсахти ин тарҳ мебуданд, зеро консепсияи зиндагии эшон чунин ба назар мерасад, ки “мухолифат барои ихтилоф” аст, на баҳри беҳбудӣ. Умуман  ин  кӯрнамакон  қариб ҳамаи дастовардҳои  Тоҷикистонро нодида  мегиранду  аз  рушду  нумуъи  кишвар  ҳасад  мебаранд.

Халқи азизи кишвар бояд ба амалкарду суханрониҳои гурӯҳҳои хоинону  мазҳабфурӯшоне, ки  виҷдони  хешро  фурӯхтаву  ният  доранд, миёни мо мардуми осоишта низоъ андохта вазъи сулҳу суботи кишварро ноором созанд, дода нашавему минбаъд низ бо меҳнати ҳалол ба ояндаи дурахшони  кишвар  саҳми сазовор гузошта,   зиндагии  шоистаи  хешро  таъмин  намоем.

Мо аз насле  ҳастем, ки  гузаштагони  бузург  дорему  тамоми башариятро бо рафтору кирдор ва пиндори баланд, инсондӯстиву ватанпарварӣ омӯхтаем, ҳеҷ гоҳ бояд аз амаламон пушаймонӣ накунем, зеро фармудаанд,ки :

Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ.

Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg