БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои наҳзатиҳои лаънатӣ одамкушӣ мисли чорвокушӣ аст

ВОКУНИШ. Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИТ дар кишвари мо дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта ташкил шуд. Нағз дар хотир дорем, ки рӯзҳои аввали соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон давлати навтаъсиси тоҷик ба ҳаракати ифротии наҳзати ислом рубарӯ шуд. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги нанговари шаҳрвандӣ мебошад. Маҳз фитнаҳои ташкилоти ТЭТ ҲНИТ ва фирефта шудани ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки 160 ҳазор сокини кишвар ҳалок шуда, ҳазорҳо кӯдакон ятим гаштанд, ҳазорҳо нафари дигар аз гуруснагӣ ба ҳалокат расиданд ТЭТ ҲНИТ тавонист, ки мафкураи ҷавононро дар муддати кутоҳ фосиду олуда ба таассуби мазҳабӣ созад ва ҷомеаи тоҷикро таҳти фишори равонӣ ва мафкуравӣ қарор диҳад. Ман дар солҳои 90-уми асри ХХ сиёсати маорифситезонаи ҳизби наҳзати исломро нағз дар хотир дорам. Ин наҳзатиҳои лаънатӣ ҳатто ҳатто нони омӯзгорро ҳаром унвон карда буданд. Ин ношукриву бадбахтӣ буд, ки солҳои навадум иқтисодиёти кишвар ба сифр баробар шуд, умеди ҷомеъа аз ояндаи босаодату дурахшон канда гардид, халқи тоҷик сарсону саргардон ва гуреза гашт, одамкушӣ мисли човокӯшӣ амри маъмулӣ гардид...

Имрӯз ҳам халқи тоҷик бояд аз таҷрибаҳои талхи давлатҳои Афғонистон, Ироқ, Сурия, Миср ва аз талхтарин таҷрибае, ки худ аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 гирифтааст ҳушдор бошад. Дар моварои ин бархурдҳо зирак бошем ва дустро аз душман фарқ карда тавонем. Ҳодисаҳое, ки моҳи сентябри соли 2015 шуданд, ин бадбахтони аъзои ТЭТ ҲНИТ кӯшиши такрори сенарияи солҳои 90-уми асри гузаштаро дар Тоҷикистон намуданд. Тафтишот ба далелҳои раднопазир исбот кард, ки роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ ва собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим бо роҳи зуроварӣ ғасби ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конистутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намуда, зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятиро, ки ҳар кадоме то 30 нафарӣ аъзо дошт, созмон доданд. Ҳангоми истифода аз силоҳи оташфишон 10 нафар хизматчии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиба, 7 нафари дигар ҷароҳати ҷисмони бардоштанд. Шукр, ки ин тоифаи хоин ба мақсадҳои ғаразноки худ даст наёфтанд, вагарна вазъият аз солҳои 90-ум дида вазнинтар мешуд. Дар давоми солҳои 2010-2015 аз ҷониби аъзоёни ТЭТ ҲНИТ 40 ҷинояти маҳсусан вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, инчунин бо роҳи зӯровари ва тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо инобати ин вазъият фарзандони далеру ғаюри кишвар бояд ба эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ бо давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои воҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир қарор диҳанд.

Моро зарур аст, ки барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири манфии ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарзо, таҳкими пояҳои истиқлолият,  суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти давлату халқи азизамон ҳамеша омода бошем.

Гадоӣ Сайдалиев - мудири Шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg