БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИРКАТ ДАР ИНТИХОБОТ НИШОНАИ ДАВЛАТИ ОЗОДУ ҲУҚУҚБУНЁД АСТ

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботӣ ва аъзои  Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш оид ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Вахш дар маҳаллаи марказӣ мулоқот доир намуданд.

Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ пеш аз ҳама ба мардум фаҳмонидани моҳияти интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад. Ширкат дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишон додани раъйи худ-нишонаи давлати озоду ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg