БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО МУШОҲИДОНИ МИЛЛӢ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  бо мушоҳидони миллӣ дар участкаҳои интихоботии ҳавзаи Бохтар-44 доир гардид.

Дар аввали вохӯрӣ Иброҳимзода Неъматулло тамоми он нафароне, ки ба ҳайси мушоҳиди миллӣ аз ҷониби ҲХДТ интихоб гардидаанд, табрик гуфта, таъкид дошт, ки интихоб шудан ба ҳайси мушоҳиди миллӣ аз аъзои ҳизб масъулияти баландро талаб мекунад. Зеро мушоҳиди миллӣ дар участкаи интихоботӣ  намояндаи ҳизб аст.

Сипас, Иброҳимзода Неъматулло  доир ба нақши мушоҳидони миллӣ дар баргузории интихобот, вазифаи онҳо дар рӯзи интихобот, мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози ақида намуда,  гуфт, ки аъзои ҳизб, махсусан мушоҳидони миллӣ вазифадоранд, барои демократӣ ва шаффоф баргузор шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.  Дар интиҳои вохӯрӣ ба ҳамаи мушоҳидони миллӣ шаҳоданомаҳо, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  супорида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳавзаи интихоботии Бохтар-44 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 участкаи интихоботӣ мавҷуд аст, се адади онҳо навтаъсис мебошанд. Аз ҷониби Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар 39- тои онҳо мушоҳидони миллӣ барои мушоҳида намудани раванди интихобот ба қайд гирифта шудааст. Шахсони интихобшуда, аъзои фаъоли ҲХДТ, шахсони обрӯманду кордида ва масъулятнок мебошанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg