БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ПЕШРАФТИ ВАТАН НОМЗАДИ АРЗАНДАРО ИНТИХОБ МЕНАМОЕМ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатии худро дар самти таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягь бо  гурӯҳи тарғиботӣ дар маҳаллаи Алишерободи Ҷамоати деҳоти Фрунзе  баргузор  намуданд.

Алиев Зафар мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  зимни мулоқот оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд ва аз ҳафт соли пусамари роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар ҳафт соли гузашта ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат баҳри пешрафту шукуфоии Ватан зиёд ба чашм расидааст ва ин ҳама талошу заҳматҳои ин шахсияти бузург аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо боз ҳам рушд намуда, ба сӯи ояндаи дурахшонтари худ ҳаракат намуда истодааст.

Иштирокдорон дар навбати хеш баён доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg