БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО -ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии аъзои гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур роҳбарони зергурӯҳ Худойқулова Наргис ва Мӯсоев Хуршед мутахассиси шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  иштирок ва баромад намуданд.

Зимни суҳбат масъулин муфассал вобаста ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, иброз доштанд, ки ҲХДТ таҳти сарварии Раиси муаззами он, шахсияти камназири таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.

Иштирокдорон дар навбати хеш баён доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg