БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ ҶАВОНОН ДАР ИНТИХОБОТ БАРОИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН НАҚШИ БОРИЗ ДОРАД

АНДЕША. Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар арафаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст аз Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарчашма мегирад.

Шаҳрвандоне, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 солагӣ расидаанд метавонанд,  бевосита дар интихобот иштирок намоянд.

Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштан пеш аз ҳама барои ҳар як ҷавон қарзи шаҳрвандӣ аст. Агар як ҷавон дар ҷомеаи имрӯза  зиндагӣ намояду дар мавриди фаъолияти сиёсӣ чизе надонад,  ё дар мавриди таъсир гузоштан ба ҳаёти сиёсии ҷомеа нақши худро иҷро карда натавонад, аз ин бармеояд, ки муттаассифона, ин ҷавон барои ояндаи худаш бефарқ ё бетараф аст. Мо имрӯз шоҳид ҳастем зиёд ҳастанд ҷавононе, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон пуштибонӣ менамоянд, моро дастгирӣ мекунанд ва ташаббусҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаббусҳои ҷавонони фаъоле, ки 20 сол қабл дар бораи сулҳу субот ва амну осоиш меандешиданд барои онҳо фурсат дода шудааст, ки мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян м кунанд. Вақте ҷавон мавқеи сиёсиашро муайян  карданӣ  мешавад, вай бояд ҳатман дар интихобот иштирок намояд. Ва ба номзаде, ки ӯ интихоб кардааст,  овоз диҳад. Иштироки ҳар як ҷавон дар интихобот ин маънои онро дорад, ки ҷомеаи мо ҷомеаи мардумсолор ва демократӣ аст ва дар асоси озодиҳои шаҳрвандон, такя кардан ба ҳуқуқу озодии фитрии инсон пеш рафта истодааст. Ҳар як ҷавон ҳамчун ҷавони соҳибҳуқуқу мустақил ва бакамолрасида вазифадор аст дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд. Ҳар ҷавони камолёфта таҳсил ё фаъолият менамояд ва агар ояндаи ин миллату давлат барояш муҳим аст, набояд бетараф бошад. Бояд дар интихобот нафари дурусту арзандаро ба мақоми роҳбарӣ интихоб намояд. Як овози мо шояд нақши ҳалкунанда дар рушду нумӯъ ва ояндаи Ватани азизамон дошта бошад.Пас мо ҷавонон барои сарнавишти миллат ояндаи Ватани аҷдодиамон камари ҳиммат бандем, сарҷамъ бошем ва ба  номзади арзанда овоз диҳем.

Мавзуна Суннатуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин                                    

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg