БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БА ИНТИХОБОТ МЕРАВЕМ!

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо аъзои маҳфили “Волонтёрони ҳизбӣ”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аксияи ҳизбӣ  доир намуданд.

Ҷараёни Аксияи мазкур аз назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ- 47 оғоз гардида,  бо  кӯчаи Норинов  ба самти боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Бохтар ба номи Раҳмон Мӯрчаев идома дода шуд. Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони “Мо ба интихобот меравем” доир гардида, баҳри иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон волонтёрон ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ дастрас намуда, қайд карданд, ки  иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар, бунёди ояндаи неки давлат ва аҳли оилаи худ арзёбӣ мегардад. Инчунин, дар идомаи чорабинӣ   шаҳрвандонро ба рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки   санаи 11 октябри соли ҷорӣ  баргузор мегардад,  даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg