БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН- МОДАР ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРДИ БОНАНГУ НОМУС АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба амалӣ  намудани  Фармони   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷиҳати даъват  ба  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  санаи 2-уми  сентябри соли 2020 №1605  дар  ноҳияи Носири  Хусрав  даъвати ҷавонони  синни  даъватӣ  ба  сафи  Артиши  миллӣ баргузор  гардид.

Бо  дарки  масъулияти  худ  дар  назди  Ватан ба  коммиссариати  ҳарбии  ноҳия  40 нафар  ҷавонон барои  хизмат  ба  сафи  Қувваҳои  мусаллаҳ  ҳозир  шуданд. Дар  ҳамин  замина  бахши  ноҳиявии  намояндагии намояндагии ТҶҶ «Созандагони  Ватан»  барои  дар  сатҳи  баланди  ватандориву  ҳифзу  таҳкими  пояҳои  истиқлолият и давлатӣ баргузор  гардидани  чорабинии  мазкур  ҳиссаи  сазовор гузошт.   Чорабинии  мазкур  дар  назди бинои Комисариати ҳарбӣ    раиси  ноҳияи  Носири  Хусрав  Нишонзода  Даврон, раиси  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия Носири  Хусрав  Ализода Сураё  иштирок ва баромад намуда,  ба  ҷавонон  фаҳмонид, ки  хизмат  ба  Ватан-Модар  қарзи  имониву виҷдонии  ҳар  як  ҷавонмарди  бонангу  номус буда, мактаби  бузурги  тарбия, ирода, ҷасорат, шуҷоат ва  ватандорӣ  ба  ҳисоб  меравад. Ҳар  як  ҷавони ин  Ватан хизматҳои  содиқонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  аз  ҷумла  ҳар  як  тадбиру  корнамоиву  қаҳрамониҳои  Пешвои  миллат  ба  ҷавони  кишвар дарси  шуҷоату  мардонагӣ  буда, дар  руҳияи  садоқат  ба  Президент-садоқат ба  Ватан  саҳми   худро  мегузоранд.

Модари  даъватшуда Ҳамдамова Гулшод ва собиқадори меҳнат Абдумуродов  Нурмуҳаммад  баромад  намуда, қайд  карданд, ки  нишоту  рӯзгору  зиндагии  мо  аз  оромии  кишвар  вобаста  аст.  Аз  фарзондонашон  хоҳиш  намуданд, ки   бо  дарки  баланди  масъулияти  ватандорӣ  хизмати  ҳарбиро  ба  ҷо  оварда, бо  сари  баланд  ба  наздашон  баргарданд.

Аз  ҷониби  санъаткорони қасри фарҳанги вилояти Хатлон   барномаи  рангини  фарҳангӣ  пешкаш  гардида,  даъватшудагону  волидайнашон   рақсу  хурсандӣ  намуда,  волидайнашон  онҳоро  бо  дуои    нек  ба  хизмати  Ватан  гусел  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg