ШАҲРИТУЗ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шомуродзода Саидаъзам, Ғафурзода Давлатҷон, Расулов Толиб ва Дилафрӯзи Абдулло бо сокинони деҳаҳои Чоршанбе-1 ва Чоршанбе 3-и ноҳияи Шаҳритуз вохӯрӣ баргузор карданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баррасӣ гардид.
Инчунин, дар ин вохӯрӣ оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии ҷиноят ва қонуншикинӣ аз ҷониби ноболиғон, пешгирии занон аз пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона, иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ андешарони карданд.
Дар охир аз сокинони деҳаҳо даъват ба амал оварда шуд, ки бо риояи қонунҳо бо корҳои созандагию бунёдкорӣ, дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон саҳми худро дар амалисозии сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон гузоранд.