
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 деҳаи Фурузобаи Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ вобаста ба таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад мулоқот доир карданд.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи таблиғотӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки Пешвои миллат нисбати насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи беандоза доранд ва ҳар як ҷавони худогоҳу ватандӯстро лозим аст, бо аз бар кардани илму дониш, одобу ахлоқи ҳамида дар оянда дар рушду тараққиёти меҳан саҳмгузор бошад.
Инчунин, иштирокчиён ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу дархостҳо пешниҳод намуда, онҳо аз ҷониби масъулин ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.