БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕ МАОРИФ ПОЯИ ДАВЛАТ НАБОШАД УСТУВОР

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи  таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ вобаста ба таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии он  мулоқот доир карданд.

Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи  таблиғотӣ оид ба дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ пешрафту шукуфоии Ватан, аз ҷумла пешравӣ дар  соҳаи илму маориф  андешаронӣ карда, афзуданд, ки  дар соҳаи маориф дар ин давра 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон, 1444 муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои  иловагӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.  

Сипас, дар идомаи суҳбат масъулин ҳар як иштирокчии вохӯриро  даъват карданд, ки  ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Роҳбари давлат  бояд мо  бо истифода аз шароитҳои хуби илмомӯзӣ фарзандонамонро дар рӯҳияи баланди худогоҳии миллӣ тарбия карда,  барои боз ҳам рушд кардани Тоҷикистон саҳми худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg