БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДКАРДАРО ДАВО НЕСТ!

ВОКУНИШ. Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзат ва дигар гурӯҳҳои мухолифин имрӯзҳо пеш аз маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле фаъол гашта, тариқи расонаҳои интернетӣ суҳбату гузоришҳои гуногунро баррасӣ менамоянд. Бале бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо, ки мо ба интихоботи навбатӣ наздик шуда истодаем, наҳзатиҳо ниҳоят беқарору ноором шудаанд ва пайваста гурӯҳчаҳои зиёде аз мухолифин масъалаҳои гуногунро ҷилавгирӣ намуда,  гузоришҳои бемаъниву бемантиқро пахш   менамоянд. Роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ низ аз ин  қатор қафо намонда, суҳбату гузоришҳои худро доир намуда,  аз худ дарак дода истодааст. Кабирӣ боз мехоҳад, ки аз сари нав туҳмату буҳтонҳои беасосро ба сари роҳбарону  масъулони кишварамон бор карда, мардумро ба доми фиреби навбатии худ бикашанд. Инчунин, як тоифаи хурди мардуми тарафдорашон низ онҳоро дастгирӣ намуда,  бо думбураи онҳо рақсу сурудхонӣ  мекунанд.  Ин навбат наҳзатиҳо  бо номи нави худ “Паймони миллӣ ” рӯи кор омада, “дар шароити ҷадид”  чӣ гуна мубориза бурданро тарҳрезӣ  намуда истодаанд.

Ҷангҳои  иттилоотие, ки зуд - зуд  аз тарафи ин хоинони миллат тариқи шабакаҳои интернетӣ сурат мегиранд, барои мафкураи мардумро вайрон сохтан, иғвову шӯр барошуфтан ва ноил шудан ба мақсаду ҳадафҳои ҳарисонаву нопокашон    аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар дарозои таърих таҷрибаи  бою ғании ватандориву меҳандустӣ ва садоқат ба Ватанро дар худ касб намудааст. Бори охир соли 1992 (наҳзатиҳо ҷанги шаҳрвандиро умуман ба ёд овардан намехоҳанд) мардум заҳри қотили онро чашид, ки ба чӣ балоҳое гирифтор шудем.

Муҳиддин Кабирӣ барои ҳаммаслаконаш “дӯсти бад” будани худро борҳо исбот намуд. Бо нақшаҳои тарҳрезинамудаи ӯ чӣ қадар мардуми бегуноҳ, рафиқону дӯстонаш шароби шаҳодат нӯшиданду худ аз дур чун рӯбоҳи  маккор истода, бо қалби пурхун ин манзараҳоро тамошо намуд. Ҳаммаслакону ҳампаймононаш ба мақсаду ҳадафи гузоштаи Кабирӣ комёб нашуданд, шикаст хӯрданд, ки ин рӯйдод ӯро сахт ба шигифт овард ва ҳазорон бор шукр гуфт, ки зудтар фирор намуда, ҷон ба саломат бурдааст.

Кӣ ин дафъа ӯро  бовар мекунад, аксари ҳамсафонаш хатои худро фаҳмида, тарки ин “роҳбар” намуданд ва ҷамъи парешон боз ҳам парешонтар гардид. Дигар Кабириву ҳаммаслаконаш агар ҳазорон бор Паймони миллӣ, Анҷумани озодандешон, Гурӯҳи 24... ташкил кунанд ҳам,  заррае ба афкори ватандӯстонаву инсондӯстонаи миллати бофарҳанги мо таъсире   нахоҳад  гузошт.

Ба таҳқиру хиёнатҳои гурӯҳаке, афсонахониву туҳматҳои ғаразноки Паймони миллии наҳзатиҳо мардуми тоҷик  тавқи лаънат баста, ҳамчун  воизони дурӯя ва хизматгору зархариди хоҷагони хориҷӣ қабул доранд. Рақиби мо бо муборизаи ноодилона, “бозсозиҳои нав”, Паймони миллӣ,  “бо ҷои худро аз нав пайдо намудан” ба ҷое нахоҳанд расид, зеро худкардаро даво нест.

Шомалангова Миҷгона,  мудири шуъбаи кор бор занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg