БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ҲИФЗИ ВАТАН -МОДАР ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бешттари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 сентябри соли 2020, таҳти рақами 1605, “Дар бораи эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ”, дар назди бинои Кохи фарҳанг ва комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинии тантанавӣ, гусели 70 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, ҷавонон, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва волидони наваскарон баргузор гардид.

Дар суханронии худ Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия қайд намуд, ки мо фаъолон, пеш аз ҳама вазифадорем, ки дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, амну субот, ҳимояи марзу буми кишвари азизамон ва баланд бардоштани масъулияти ҷавонон тадбирҳои заруриро амалӣ намоем. Ҳамзамон раиси ноҳия миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба тамоми волидони ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршуда расонида, ба ҷавонони сарбаланд баҳри адои содиқонаи хизмати ҳарбӣ сарбаландӣ, тансиҳатӣ, некномӣ ва дигар тамманиёти некро баён кард. Сипас, якчанд ҷавонони сафарбаршуда баромад намуда, миннатдории наваскаронро  ба Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои шароити мусоид фароҳам овардан дар тамоми ҷабҳаҳо баён намуданд. 

Дар рафти чорабинӣ маросими гусели наваскарон бо газидани нон ва гирифтани дуои модар баргузор гардида, ҷавондухтарон бошад ба ҳар як наваскар дастмоли зебои миллӣ тақдим карданд. Дар фарҷоми чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо якчанд сурудҳои ватандӯстона, иштирокчиёни чорабиниро болидахотир намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg