Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Кишти ҷамоати ба номи Нуриддин Маҳмудов бо сокинони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Назарзода Толибҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Неъматов Абдуҷаббор ва дигар масъулон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Назарзода Толибҷон оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, мулоқот Пешвои миллат бо фаъолони ҷомеа, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, муқовимат бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи сарҳади муқаддаси ватанамон андешаронӣ намуд.
Дар охир чанде аз сокинони деҳа ба сухан баромада, суханрониҳои масъулинро ҷонибдорӣ намуданд.