
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бешттари манфиатҳои миллӣ. Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҷаласаи навбатии Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Раиси Ситоди ноҳиявӣ Ҳасанзода Тағоймурод ҷаласаро оғоз бахшида, иброз дошт, ки ин ҷаласаи дуюми Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии ҲХДТ мебошад ва ҳадафи асосӣ вусъати корҳои тарғиботӣ миёни сокинон вобаста ба фаҳмонидани муҳтавои Барномаи пешазинтихоботӣ номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар рафти Ситод гузориш дар бораи фаъолиятӣ кории Ситод ва ҳамзамон гурӯҳи тарғиботии ноҳиявӣ вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботӣ номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳия шунида шуд.
Раиси Ситод зимни баромад иброз дошт, ки аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои тарғиботӣ дар ҳудуди ноҳия аз 15 то 30 сентябр 31 вохӯрӣ бо иштироки 2802 нафар дар толорҳо, 7 мулоқот дар саҳро бо фарогирии 420 нафар, 94 вохӯрӣ бо усули «хона ба хона» бо фарогирии 479 нафар баргузор гардида, 863 варақаи иттилоотӣ ба сокинон дастрас шудааст. Беш аз 73 мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шудааст. Бинобар ин, мо аъзои Ситод ва дар баробари ин гурӯҳи тарғиботии ноҳиявиро зарур аст, ки корҳои оммафаҳмониро дар ин самт миёни сокинон ва интихобкунандагон бо усули «маҳал ба маҳал» ва «хона ба хона» ҷоннок намоем.