
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бешттари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки масъулини ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Умар Саидов, Дилноза Шоева ва узви гурӯҳи тарғиботӣ омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Назаров Ҳотамшо бо сокинони маҳаллаҳои Кӯҳдоман, М. Турсунзода ва С. Сангов вохӯрӣ доир карда шуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба иштирокдорон иттилоъ дода, ҳамчунин, зимни баромади худ қайд доштанд, ки интихобот ифодаи олии ҳокимияти халқ ба ҳисоб рафта, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки дар маъракаи муҳиммӣ сиёсӣ фаъолона ширкат намояд ва ба номзади арзандаи худ овоз диҳад.