БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ШОИСТА КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ВАТАН АСТ!

КӮЛОБ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и Ҷамоати деҳоти Даҳана бо сокинони деҳаҳои Калот, Тоқакапа ва Файзобод  вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ узви гурӯҳи   тарғиботӣ  вобаста  ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Насим Саидов мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Хидиров Баходур мудири шуъбаи ташкилӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суҳбати худ масулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб суханронӣ карда, иброз доштанд, ки Пешвои миллат  дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ қайд намуданд, ки   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа  барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ  ва ягона, инчунин  рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият менамояд”. Қайд карда шуд,  ки ҳадафҳои  стратегии ҲХДТ ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи  баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Ҳамчунин, вобаста ба интихоботи  Президентӣ суханронӣ намуда, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки дар интихобот фаъолона ширкат намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg