БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ МАН ДАР ХИЗМАТИ ВАТАН- МОДАР

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси фармони Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , “Дар бораи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён маросими гусели  наваскарон, ки бо хоҳиши худ барои хизмат дар сафҳои  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буданд, барпо гардид.

Дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат доир гардид, раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб иштирок дошта, дар бораи саҳми ҷавонон дар ҳифзи мару буми кишвар, дар рушду пешрафти Ватан суханронӣ намуд.

Сипас,  Садриддинзода Бадриддин зимни суханронии хеш  изҳор миннатдорӣ нисбати ҷавонони даъватгардида карда,  гуфт, ки ҷавонон бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмадонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки баланди масъулияти ватандӯстӣ бо хоҳиши худ  барои хизмат ба Ватан омодагии хешро изҳор дошта,  90 нафар наваскарон бо шаҳодатномаи  ронандагӣ ва 30 нафар бо дипломи касбӣ таъмин гардиданд. Ин аз он далолат мекунад , ки ҷавонон дар ҳақиқат меросбарони ин Ватану миллат буда, оид ба тақдири меҳан бетафовут нестанд.

Дар охир падару модарони наваскарон фарзандони худро  барои ҳифзи марзу буми Ватан бо суруду таронаҳои  дилнишин ва расму оини тоҷиконаи нонгазон гусел карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg