БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ЯКЕ АЗ ҲИЗБИ БОНУФУЗ ДАР ҚАЛАМРАВИ КИШВАР

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар участкаи интихоботии №17-и вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир ба масъалаи  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2021-2027-ро дар бар гирифтааст, сухан гуфта, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот биёрад, барои оромӣ, ҳифзи марзу бум ва ваҳдату ягонагии халқи он мусоидат намояд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззамаш тавонист дар аввалин муборизаҳо ва фаъолияти сиёсии худ барномаи густурдаи раҳоӣ аз буҳронро пешниҳод намояд. Қабули Конститутсия, бунёди сохтори давлатдории навинро таъмин намояд. Дар байни ҳарифони сиёсии хеш бо ҷалби бештари аъзо ва ҷонибдоронаш дар таъсиси шохаҳои ҳокимият саҳми арзанда гузорад.

Раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил медиҳад ва ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Бо баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, мо ҳизбиён масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани он ва ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гаштан мавқеи устувор доштани ҳизби моро нишон медиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg