БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ИФТИХОРИ МО ВА НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХАЛҚ

ВОКУНИШ. Ман ҳамчун омӯзгор ифтихор менамоям, ки дар Анҷумани XІV ҲХДТ, ки санаи 3-юми сентябри соли ҷорӣ доир карда шуд, пешниҳод намудани Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президентӣ аз ҷониби вакилон пешбарӣ гардиданд. Аз ин рӯйдоди муҳиму таърихӣ ман ҳамчун омӯзгор сарфарзу рӯҳбаланд гардидам. Чункӣ номзади арзанда ба мансаби Президетӣ пешниҳод карда шуд. Омӯзгор мушоҳидакор аст, дурбин аст, ҳар як амалро таҳлил менамояд. Мо омӯзгорон медонем, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҳолат дастгири халқ аст. Ӯ доимо дар фикри пешрафт ва зиндагии арзандаи мардумаш буда, пайваста баҳри беҳбуди ҳаёти харрӯзаи халқаш талош менамояд. Даст дар болои қалбаш пеши халқ сар фуруд меорад, чунки халқашро дӯст медорад. Дилаш ба халқу Ватанаш месӯзад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзади арзанда аст.

Ростӣ ҳангоми ин навиштаҷотро рӯи коғаз меовардам, филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” тариқи оинаи нилгун намоиш дода шуд.  Ҳамроҳи фарзандон нишастему тамошо кардем. Сараввал ташаккур ба он шахсоне, ки дар таҳияи ин филм саҳм гузоштаанд.  “Хиёнат” филме ҳаст, ки симои аслии наҳзатиҳоро бо роҳбарии Кабирӣ дар назди мардум нишон дод. Аксарияти наворҳоро бори аввал дидам чи гуна наҳзатиҳо бераҳмона одамонро куштаанд. 

Ҳукумати  Тоҷикистон  то ҳадди имкон нахост чунин наворҳоро пешниҳоди мардум намояд. Ва ваҳшонияти  анҷомдодаи наҳзатиҳоро нишон диҳаду  дили падару модарони фарзандгумкардаро реш созад, аммо баъди баромади Кабирӣ, Муҳаммадиқбол ва дигар пайравони миллаткушу разил намоиш додани ин наворҳоро раво диданд. Воқеан, намоиши ин филм  айни муддаост. Бигзор ҷавонони имрӯза  донанд, ки дар солҳои ҷанги  шаҳрвандӣ, ки наҳзатиҳо бераҳмона ҷавонон, хоҳарон, модарон кӯдакон ва падару бобоёни моро нест кардаанд.Чӣ гуна онҳо бо кадом рӯ баромад мекунанд. 60-нафар афсарони ҷавони бегуноҳро, ки дили пок доштанду боварашон карданд, бо роҳи фиреб бурда, бераҳмона ба қатл расониданд. Имрӯз боз Кабирӣ худро  дилсӯзи мардуми тоҷик мегирад. Ҳайф бар ту! Чи гуна бо кадом дил ҳаммиллати худро дар  бочкаҳо маҳкам карда, бераҳмона ба қатл расондед.     Инро ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик намебахшад ва фаромӯш намесозад. Чӣ қадар занону духтарон аз ҷониби  Ризвони хунхор, ки дар  филми мазкур намоиш доданд, номусиҳо доғдор шуданд. Наҳзатиён бо нақшаҳои пешакӣ кашидаашон чи қадар  тоҷиконро бераҳмона куштанду аксарашонро зинда гӯрониданд. Дини поки Исломро низ хостед бо ниятҳои нопоки худ бадном созед ва суханеро, ки аз гуфтанаш забони кас намегардад мехостед ҷорӣ намоед. Яъне, раво дидед ва тавсия додед ба мардуми мусулмон  ба никоҳи худ даровардани 7-  ум духтарро аз тарафи падари худ, ки инро  дину мазҳаби мо мардуми мусулмон маҳкум мекунад. Ва чунин шахсон дар назди Парвардигор аз нигоҳи дини Ислом ва мазҳаби Ҳанафӣ кофир дониста мешавад. Пеши ин куфри эълоннамудаи шумо бадхоҳони миллатро Эмомалӣ Раҳмон  тавонист гирад. Боз имрӯз худро мусулмону тарафдори дини Ислом ва мазҳаби Ҳанафӣ мегиред. Бо кадом рӯятон? 

Чаро дар ин рӯзҳои вазнин раҳм  накардед? Чаро пеши роҳи қатлу кӯштори тоҷикро нагирифтед? Куҷо будед он лаҳзаҳо. Ҷавоб ин аст, ки: дар ғоиб барои нест кардани мардуми тоҷик  ва аз байн бурдани давлати Тоҷикистон нақшаҳои нав дар нав мекашидед.

Тоҷикистонро оғуштаи хун кардед. Шумо  душманони  миллатро нест кардан лозим аст… Ин бераҳмӣ, куштор, таҷовуз, бесарусомонӣ, фирор ва дур аз Ватан гаштан, ғарибӣ, нолаи ҷонгудози падару модарон дар ҳаққи фарзанд барои падару модар  кардаатонро мардуми  калонсол  дар ёд дорад. Ҳеҷ гоҳ шумо хоиннони миллат бахшида намешавед. Бояд ҷавоби хиёнататонро,  ки дар ҳаққи халқи тоҷик кардаед, гӯед.

Мардуми тоҷик дигар намегузорад, ки хоре дар пои Пешвояшон халад.   Дар он замоне, ки шумо наҳзатиҳо  Тоҷикистонро ба хок оғушта карда будеду хуни тоҷик мерехтеду мехостед бо супориши  хоҷагони хориҷиатон  давлатро ба нестӣ баред. Пеши роҳи ин ҳамаро гирифт. Агар Эмомалӣ Раҳмон  ба сари кудрат намеомад давлате бо номи Тоҷикистон ва миллате бо номи тоҷик аз байн мерафт.

Аз Худо талаб дорам ва шабу  рӯз  пешаш сари саҷда меорам, Пешвои мо Эмомалӣ Раҳмонро дар болои сарамон нигаҳбон бошад. Дигар намехоҳам  ашки модари тоҷик, гуруснагии халқи тоҷик ва саргардонии мардуму нолаи ҷонкоҳи модаронро бинам.

Танҳо Эмомалӣ Раҳмон бо дили соф ба халқаш хизмат мекунаду ғами  халқашро мехӯрад.  Тасаввур  намекунам ғамхори дигаре барои мардуми тоҷик бошад.  

Сатторова Меҳрубон, роҳбари Гурӯҳи  вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg