ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун байни аъзои ташкилоти ибтидоии «Идораи давлатии обу Ташноб» дар мавзӯъи «Об асоси рушди устувор» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов вохӯрӣ доир гардид.
Вохӯриро раиси ташкилоти ибтидоӣ Шарипов Додарҷон кушода, оид ба масъалаи болозикр равшанӣ андохт.
Фарҳод Обидов оид ба масъалаи мазкур муфассал суханронӣ намуда, иброз намуд, ки барои миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик мояи ифтихору сарфарозист, ки ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегардад, аз ҷониби СММ, созмонҳои бонуфузи дунё ва аҳли башар дар масъалаи ҳалли мушкилот ва норасоии об дар сайёра дасгирии комил меёбад. Хусусан ташаббуси чаҳоруми Пешвои миллат оид ба масоили об Даҳсоли байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз он иқдомҳое мебошад, ки шаъну эътибори давлату миллати тоҷикро дар миқёси ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт. Аз ин рӯ, месазад, ки мо сокинон дар пайравӣ ба Пешвои миллат оид ба ин масъала камари ҳиммат бандем.