
БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар вохӯрии навбатии аъзои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Қосимзода С., Назарова Н., Ғафуров М. устодону донишҷӯёни Коллеҷи мазкур иштирок доштанд. Баромадкунандагон доир ба кору фаъолияти номзад аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии номзад, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, ҷавононро, ки воқеан пайравони Пешвои миллат мебошанд, барои интихоби номзади арзанда аз ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.