БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА АМАЛИСОЗИИ ҲАДАФИ ОЛӢ- БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ЗИНДАГИИ АҲОЛӢ МАҚСАДУ МАРОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар деҳаи Зафарободи Ҷамоати деҳоти Панҷоб вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор карданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Бодомов Назрулло қайд кард, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки дар заминаи татбиқи саривақтӣ ва босифати ҳуҷҷатҳои стратегӣ  нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣӣ аз 38, 3 фоизи соли 2013 то 26, 3 фоиз дар соли 2020 паст гардида, сохтори истеъмолии аҳолӣ тағйир ёфт.

Сиёсати самарабахши молияи давлатӣ амалӣ гардида, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 12 миллиард сомонии соли 2013 то 23, 6 миллиард сомонӣӣ дар соли 2020, яъне ду баробар афзоиш ёфтааст.Аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки ба тарафдории номзади арзандаи ҲХДТ рӯзи интихобот овоз диҳанд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg