БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МАН БАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ГУЛГУНШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.

Дар мулоқоту вохӯриҳои мазкур намояндагон ҷиҳати интихоби дуруст баҳри зиндагии шоистаи мардум, масъулияти шахсӣ доштани ҳар як шахсе, ки ҳуқуқи интихоб кардан дорад, ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон дар раванди интихобот сухан гуфта, мардумро рӯзи 11 октябри соли 2020 ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, дастовардҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакатро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри сулҳу субот дар Тоҷикистон ва некӯаҳволии мардуми кишвар бо мисолҳои дақиқ дарҷ намуданд. 

Инчунин, намояндагон  ба мардум мазмуну муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки амалишавии нақшаю тадбирҳоро баҳри рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва некӯаҳволии мардум дарбар мегирад, ба саҳми мардум расониданд.

Намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ оид ба тарбияи наврасону ҷавонон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон суҳбат гузаронида, ҷавононро барои ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан ва барои ҳимояи марзу буми Ватан даъват намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg