БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МАН, ИНТИХОБИ МАН, ИФТИХОРИ МАН!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои   гурӯҳи  таблиғотӣ дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии   ТҶҶ  «Созандагони  Ватан»  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  ҷавонону  наврасони  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №13-и  деҳаи  Арабхонаи   Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  суҳбату  вохӯриҳо   оид ба   интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти унвони  “Ватанамро  боз  ҳам  пешрафтаю  шукуфонтар  бубинам” ҳамоиши ҳизбӣ    бо  мақсади   ташаккули  мафкураи  сиёсии  ҷавонон баргузор  намуданд.

Аъзои  гурӯҳи  таблиғотӣ   дар суҳбат иброз  намуданд, ки мо  насли  ояндасози  кишвар бо  дарки  масъулияти  баланд , иродаи  мустаҳкам, садоқату  муҳаббати  ватандорӣ, эътиқод ба  арзишу  муқаддасоти  миллӣ   ва  ақлу  заковати  худ исбот  менамоем, ки  роҳи  интихобкардаамон дар  масири  ватансозиву  ватандорӣ дуруст  мебошад. Имрӯзҳо  дар қаламрави   кишвари  азизамон омодагӣ ба баргузории  маъракаи   муҳими  сиёсӣ - интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон рафта  истодааст.   Ҳар  насли  ҷавони  кишварамон, ки   синни  18- ро  то  рӯзи  интихобот  пур  мекунад,  ҳуқуқи  иштирок  дар  интихоботро  дорад. Мо  ҷавонони  кишвар  дар  интихобот   иштирок намуда,  барои  ояндаи  пурсаодату  хуррами  худ ба  тарафдории  номзади  арзанда  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки мо  ҷавонон дар  меҳвари  сиёсаташон  қарор  дорем, овози  худро медиҳем.

 

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg