БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат пояи устувори давлат мебошад

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нақшаи мувофиқашуда ҷиҳати тарғиби мақсадҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муасисаи давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ” бо иштироки аз 32 нафар аъзои ҳизб вохӯри баргузор гардид.

Вохӯриро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби “МДНСЭ” Иркабулова Дилдора кушода, мақсади вохӯриро ба ҳозирин фаҳмонид.

 Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Алиева Сураё оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Мудири шуъбаи таблиғот иттилоот, ва матбуоти Кумитаи иҷроия дар ноҳия Муродов Раҳмон оид ба омилҳои хатарзо ба генафонди миллат, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан ВНМО/АНМО ВИЧ/СПИД ва Гепотити С, ки бисёр ташвишовар аст, ибрози ақида кард.

Дар охир масъулин ба суолу дархостҳои иштирокдорон ҷавобҳои қаноатбахшу саҳеҳ гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg