БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон баҳри шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб талош варзида истодаанд

ХУРОСОН. Дар маҳаллаи 20-солагии Истиқлолияти ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Подшоқулов Парвиз, бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан Азизова Сабоҳат дар назди ҷамъомадагон дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12-майи соли 2018 бармеояд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, аз сокинон баҳри дастгирии сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg