БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ИМКОНИЯТИ ТАЪРИХӢ ИСТИФОДА БАР ВА ПРЕЗИДЕНТИ ДАВЛАТИ ХУДРО ИНТИХОБ НАМО!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Совет кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, намояндагони Ҷамоати шаҳрак ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иштироки ҳатмии шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), ободу зебогардонии маҳал, инчунин бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дар навбати худ масъулин қайд намуданд, ки иштироки мо дар интихоботи Президенти кишвар ҳатмӣ буда,  ба ин воситаи қарзи шаҳрвандии худро адо менамоем, ҳамзамон нисбати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, захираи маводҳои ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ, ободу зебогардонии маҳал ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ  барои адо намудани қарзи худ дар назди Ватан  Модар ибрози сухан намуданд.

Дар анҷоми суҳбат ба шаҳрвандон Муроҷиатномаи ҲХДТ, варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, варақаи иттилоотии истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва огоҳиномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ободу зебо гардонидани маҳал дастрас карда шуд.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg