БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРОИТИ ХУБ - ПЕШРАФТИ КОР

АНДЕША. Имрӯзҳо тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи  мамлакат дар фазои соҳибистиқлолӣ бо маром рушд карда истодааст.

Дар ноҳияи Вахш, барои хубу сазовар пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, корҳои ободонӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Бо ҳамин мақсад барои мо ҳизбиёни ноҳия бинои хуштарҳу замонавӣ бо тамоми шароитҳои замони муосир сохта шуда, рӯзи 23-уми сентябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Ин масъулияти мо ҳизбиёнро дучанд намуда, ҳамаи моро зарур аст, ки барои расидан ба зиндагии шоистаи мардум кӯшиш ба харҷ диҳем. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи занону духтарон, Ҳукумати мамлакат диққати ҳамаҷониба дода, ҳалли мушкилоти вобаста ба оила ва занонро  ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат қарор дода, нақши занонро дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта, тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардондаанд. Ҳамаи ин дастоварду пешравиҳо  маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизамон ва  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда,  мо занонро  водор месозад, ки бо масъулияти баланд фаъолият намоем.

Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо занони   КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg