БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО - ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ ВА ПЕШРАФТУ ШУКУФОИИ ВАТАН

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Сабзиҳарф” ва “Ёзғанд” доир гардид. 

Масъулин зимни баромад  ҷиҳати пешгирии  бемории коронавируси навъи COVID-19, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, инчунин дар рафти вохӯрӣ вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, афзуданд, ки  ин ҳама  дастоварду пешравиҳое, ки мо имрӯзҳо мардуми шарафманди  тоҷик ноил гардидаем аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст.  Аз ин лиҳоз мо бояд  дар ин маъракаи муҳими сиёсии  дарпешистода иштироки фаъолона карда, дар  рушду  тараққиёти  Ватан  саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg