БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАРАМРО ИНТИХОБ МЕКУНАМ ВА ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИАМРО БА ҶО МЕОРАМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Деҳбаланд доир гардид.

Гурӯҳи тарғиботӣ зимни суханрониҳояшон доир ба Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин маърӯза ироа намуда, қайд карданд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи соли 2013 Президенти амалкунандаи кишвар барои солҳои 2013-2020 пурра иҷро гардида, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба дастовардҳои беназири таърихӣ ноил гардид.

Инчунин, ба кор шурӯъ намудани ду агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро мисол оварда, таъкид карда шуд, ки номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо барномаи ҷадид ворид гардида, вазъи соҳаҳои афзалиядоштаи кишвар, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бахшҳои дигар беҳбуд бахшида, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg