БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ ВА ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМИСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади расониди  муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”  таблиғотчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо  интихобкунандагони деҳаҳои Хӯрсандӣ 2 , Нури ваҳдат ва А. Ҷомии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.

Намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат  оид ба  интихобот сухан гуфта, қайд карданд, ки интихобот яке аз воситаҳои асосии муайян намудани иродаи шаҳрванд нисбат ба давлат, ҳизбу ҳаракатҳо ва ояндаи давлату миллат маҳсуб ёфта, маърифати баланди сиёсиро тақозо мекунад.

Интихобот дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ нақши арзишманд дошта, иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванди кишвар,  асоси таъмини зиндагии шоиста ва пешрафти давлату миллат маҳсуб меёбад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg