БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАФТ ҚАДАМИ СОЗАНДА-ҲАФТ СОЛИ ПУРБАРОР!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гурӯҳҳои таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза дар маҳаллаҳо ва деҳаҳои шаҳри Кӯлоб хонишҳои сиёсӣ баргузор намуда истодаанд.

Бо сокинони маҳаллаи ба номи Шамсиддин Шоҳин ва Саъдии  Шерозии  шаҳри Кӯлоб  аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Саидов Насим ва Зулфов Муҳаммадҷон мулоқот анҷом дода, вобаста ба иштироки онҳо дар интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки маҳз тавассути интихобот ҳар шаҳрванди кишвар дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” иродаи сиёсии худро ифода карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихобот мекунанд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg