БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон  бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзои Ситоди ноҳиявӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон бо коллективи меҳнатӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат баромад намуда, иброз дошт, ки санаи 11 октябри соли 2020 дар мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар интихоботи дар пешистода аз панҷ ҳизби сиёсӣ номзадҳо пешбарӣ гардиданд.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки санаи 3 сентябри соли 2020 Анҷумани 14-уми ғайринавбатии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он аз тамоми минтақаҳои гуногуни кишвар вакилон иштирок намуда, номзадии Эмомалӣ Раҳмонро аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар интихобот иштирок намуда, ба тарафдории номзади арзанда аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон овоз дода, қарзи шаҳрвандии худро дар назди давлату миллат адо намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg