БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МАН - ИНТИХОБИ МАН

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  деҳаи Заркорони Ҷамоати деҳоти  ба номи М.Вайсов вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки гурӯхи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат  аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ  қайд карда шуд, ки санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, моро мебояд, ки бетарифиро пеша накарда, ба номзади арзандаи худ, ки барои 7 соли ояндаи Тоҷикистон фаъолият мекунад,  овоз диҳем.

Ҳамзамон, интихобкунандагон иброз намуданд, ки ҳама якҷоя ба номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи интихобот овози худро медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg