БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРЧАШМАИ ҲАНГОМАҲОИ БЕАСОС АЗ ҶОНИБИ ГУРӮҲҲОИ МАНФИАТХОҲ БА КӢ ДАРКОР АСТ?!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ ҳар гуна ҳангомасозиҳо аз ҷониби хиёнатпешагон бо мақсади ноором сохтани вазъ дар кишвар ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасад. Аммо, чизи дигаре ҳам ба назар мерасад, ки корбарон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дигар таваҷҷуҳи хосе ба ин масъалаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои ғаразнок зоҳир намекунанд ва мардум аллакай дарк кардаанд, ки танҳо ҳамон чанд наҳзатии лаънативу чанд калавандаи дигар мехоҳанд худро бузургу донишманд нишон диҳанд. Фикр мекунам, ин муносибати сарди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳангомаҳои навбатӣ сабабҳои худро дорад. Аз ҷумла мардум дигар ба фитнапарокании як гурӯҳ хиёнатпешаҳову ватанфурӯшон одат кардааст ва чунин мешуморанд, ки чун вазифаи  саг ҷакидан аст, бигзор ҷакидан гирад.

Дар Тоҷикистон онҳоро ҳамчун хоинони давлату миллат мешиносанд. Билохира, андешаҳои ғаразноки онҳо барои мардуми Тоҷикистон ба андозаи як хас ҳам қадр надорад. Албатта, амалҳои муғризона ва иғвоангезонаи ин хоинони ватанфурӯш ва сагони сафроии шикамқарор ва равона аз дунболи хоҷагони иҷбориашонро кӣ намедонанд, боз ҷилу ҷулашонро чигуна дигар намуда, ба роҳи дигар мардумро ноосуда сохтан мехоҳанд.

 Яқин аст, ки ин шармандаҳои гумному гумнасаб ва бе аслу нажод, ки ҳар лаҳза худро бо ҳар навъ ғамхору наҷотбахши касеву чизе муаррифӣ кардан мехоҳанд, аз маблағҳои хоҷагонашон ба таври максималӣ истифода бурда истодаанд. Аммо, ин наҳзатиҳои лаънатӣ боре фикр карда бошанд, ки аз рӯзи фаъолияташон то имрӯз барои халқ ва миллати тоҷик кадом кори хайрро анҷом додаанд ва дасти кадом тоҷикистонии муқимии Аврупоро аз рӯйи шафқу раҳмат гирифтаанд, ба ҷуз дассисаандозӣ. Ин нотавонбинони бадкин ободию пешравии Тоҷикистонро дида, худ ба худ мурда истодаанд ва бо ин иғвоҳои беасосу бесаводонаашон бори дигар кӣ будани худро исбот намуда истодаанд.

Шумо эй, бадхоҳону бадкешони миллат хуб донед, ки:

        Ҳар, ки бо душмании халқ равон аст, чу барқ,

        Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

 

Итминони комил дорам, ки ин хоинони ба лаънати халқ ва Худо гирифторшуда дар ягон вақт наметавонанд ба мақсадҳои нопокашон расанд. Мардум аз хурд то бузург кайҳо боз ниқобивазкунӣ ва мардумфиребии онҳоро натанҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ ҳам омӯхтааст ва пушти кадом ниқобе, ки паноҳ мебаранд, аллакай кӣ буданашон айён аст. Аз ин рӯ имрӯз халқи тоҷик бо ҳамовозӣ мегӯянд, ки “Марг бар наҳзатиҳо ва дигар бадхоҳони миллати тоҷик!”

Саидов Насим,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg