БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОНУ КӮТОҲАНДЕШОН МАҚСАДАШОН ТАНҲО ХАРОБИИ МАМЛАКАТ АСТ

ВОКУНИШ. Гоҳе дар Полшаю Германия ва ё гоҳе дар дигар гӯшаҳои Аврупо кӯрнамакон, ватангумкардагон ва мазҳабфурӯшон ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Ашӯр Ҳусейнов, Илҳом Ёқубов ва ба монанди онҳо дигар ҳаммаслаконашон аҳду паймонҳои дурӯғин баста, мехоҳанд ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни гузаштаро боз як бори дигар ба миён оварда, Тоҷикистони биҳиштосои моро ба хоку хун кашида, мардумро парешону сарсон намоянд ва давлати зебои тоҷиконро барҳам диҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки шахсоне ҳокимиятро бо роҳи ғайридемократӣ ва зӯри дар солҳои 90-ум (солҳои вазнину фаромӯшнашаванда барои мардуми тоҷик) соҳиб шудан мехостанд, сабабгори дар ҷумҳурӣ сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуда, бо амалҳои хоинонаву кӯтоҳандешонаашон боиси харобии мамлакат ва куштори ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ гардиданд.

Ҳодисае, ки моҳи сентябри соли 2015 барои табаддулоти давлатӣ намудан бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ тавассути Ҳоҷӣ Ҳалим ба миён омад, хушбахтона ин тири заҳҳоксифатон хато хӯрдаву кӯранмакони ватангумкардаро шармандаи рӯи олам сохт, бори дигар андешаҳои дарболо зикркардаи моро тақвият мебахшад.

Нақшаю мақсадҳои пасипардагии роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва дигар аҳду паймонҳои басташудаи хонинони давлату миллат хуб шинос ҳастем ва кайҳо боз фаҳмидем, ки онҳо дар пайи ободиву шукуфоии Ҷумҳурии азизамон набуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро бори дигар ба хоку хун кашида, мазҳабу равияҳои дигарро ба сари мардуми мо иҷборан бор намоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки воқеияти ҳар як ҳодисаро баъди чандин солҳо дар саҳифаҳои худ баҳогузорӣ менамояд. Воқеаю ҳодисаҳое, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқӯъ пайвастанд, аллакай баҳогузорӣ шудаанд. Ҳама он нафароне, ки дар бадбахтиҳои мардуми тоҷик даст доранд, имрӯз дар хориҷи кишвар истодаю санги маломат ба рӯи миллату меҳани худ мепартоянд. Онҳо набояд фаромӯш созанд, ки баъди сарашон фарзандони худи онҳо таърихро хонда, танҳо як хулоса мебароранд, ки волидайни онҳо ватангумкардаҳо буданду ва онҳоро низ дар қатори худ беватан карданд, ки ҳеҷ гоҳ ба некӣ ёд нахоҳанд кард ва ҳамеша нафрину лаънат хоҳанд хонд.

Мо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон якҷоягӣ зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Ватанро аз вартаи нестшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳ дошта,Тоҷикистонро ҳамчун як давлати воҳид дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд, ҳамқадамем. Сиёсати созандаю бунёдкорона ва хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатамонро дастгирӣ намуда, намегузорем, ки гурӯҳҳои фитнаангез ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллии мо халал ворид созанд.

Зулфов Муҳаммадҷон,  мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg