БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТ НИШОНАИ СОҲИБДАВЛАТИСТ

АНДЕША. Аъзои ҳизб ҳамеша дар сафи пеши фаъолият ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва пешрафту тараққиёт қарор доранд, ки обрӯи онро дар миёни мардум боз ҳам афзун мегардонад.

Хотиррасон мекунам, ки мардуми Тоҷикистон хусусан интихобкунандагон дар самти амалӣ кардани фаъолияти сиёсӣ таҷрибаи хуб доранд ва онҳо аллакай тарзу услуби муборизаи сиёсиро дар як кишвари бисёрҳизбӣ ва демократӣ аз худ кардаанд.

То интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти кам мондааст ва моро лозим аст, ки ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ тайёрии ҷиддӣ бинем  ва аз корҳои дар зарфи 29 - соли  Истиқлолият анҷомдодашударо дар назди аъзои ҳизб ва интхобкунандагон ҳисобот диҳем.

Барномаи пешазинтихоботии ин ҳизб дастраси ҳамаи аъзои ҳизб гардонида шуд. Интихобот ба ҳамаи ширкаткунандагон дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва демократӣ сурат мегирад. Гузашта аз ин, интихобкунандагон ба воқеият такя карда, нисбат ба тақдири давлату миллат бетараф набошанд.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ҷомеа мавқеъи мустаҳкам дорад ва мо бояд ин дастовардҳоро ҳифз намуда, фаъолияти худро густурда ба роҳ монем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаи интихобот танҳо ба нерӯ ва имконияти воқеии худ такя намуда, бояд дар доираи қонунҳои амалкунанда рақобат карда, барои озоду шаффоф гузаштани интихобот саҳм гузошта, дар байни дигар ҳизбҳои сиёсӣ намунаи ибрат бошад. 

Мо аъзои ҳизб ва масъулони сохторҳои ҳизбӣ вазифадорем, ки ҳангоми пешбурди корҳои таблиғотиву ташвиқотии пешазинтихоботӣ, танҳо дар доираи қонун амал намуда, ба одоби баланди сиёсӣ намунаи ибрати ҳамагон бошем. Ҳар як узви ҳизби мо бояд ба ҳадафҳои пешгирифтаи он эътимоди қавӣ дошта, дар ҳама ҳолат ба кори ҳизб содиқу устувор бошад.

Бинобар ин  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иқдомҳои нави созанда ва барномаҳои воқеии худ мардуми кишварро ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз - Ватани маҳбуби ҳамаи мо чун ҳарвақта муттаҳидӣ сафарбар менамояд.

ВОҲИДЗОДА  Дилафрӯз Сафар, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg