БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум аз хатарҳои ҷаҳони муосир огоҳанд

ФАРХОР. Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и деҳаи Боҳтур Давлатови ҷамоати деҳоти Ғайрат вохӯрӣ доир намуданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ба дарки ҷомеа расонидани ҳадафҳои барномавию оинномавии ҲХДТ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ, фаҳмондани моҳияти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаи мазкур буд.

Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Раҳмонов Далер иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ омӯзгор Мирзозода М перомуни ташкилоту ҳаракатҳои тундрав ибрози ақида карда, ёдовар шуд, ки ҳаракату ҷараёнҳои тундрав ба монанди Салафия, ТЭТ ҲНИТ, ДИИШ, Толибон ба пойдории сулҳу амнияти Тоҷикистон ва ҷаҳон таҳдид карда истодаанд. Моро зарураст, ки ҳама аз аҳдофу мақсадҳои шуми онҳо бохабар бошем ва бар зидди чунин ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мубориза барем.

Дар охири  вохӯрӣ ба суолҳои иштирокдорон ҷавобу маслиҳатҳои муфид дода маводҳои таблиғотӣ ба иштирокдорон дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg