БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ ДАР ПАХТАЗОР

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло дар якҷоягӣ бо узви гурӯҳи тарғиботӣ Ҳамзаев Аловуддин ба заминҳои пахтаи хоҷагии деҳқонии ба номи “Мирзо Турсунзода” ташриф оварда, бо пахтачинони ин хоҷагии деҳқонӣ суҳбат оростанд.

Нахуст Иброҳимзода Неъматулло доир ба муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳуқумат доир ба таъмини амнияти озуқворӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва беталаф ҷамъаоварӣ намудани пахта ибрози ақида кард.

Барномаи пешазинтихоботии номзади мо  барои беҳтар шудани сатҳи  зиндагии мардум равона гардидааст. Дар асоси ин барнома мо дар оянда барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид  фароҳам оварда, пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, манфиат ва шаъну шарафи шаҳрвандонро тақвият мебахшем, тарбияи  ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, хусусан, наврасону ҷавононро вусъат бахшида, суботу амнияти ҷомеаро  мустаҳкам мегардонем ва ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ талош мекунем. Инчунин, намояндагони ҳизби зимни суҳбат доир ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда,  таъкид доштанд, ки бандҳои Барномаи номзади ҲХДТ дар инихоботи соли 2013 барои соли 2013-2020 пурра иҷро гардида, вазъи иқисодиву иҷтимоии мамлакат беҳтар шудааст. Аз ин рӯ, аз ҳамаи Шумо даъват мекунем, ки 11 октябри соли 2020 ба учсткаҳои итихоботӣ ҳозир шуда, ба номзади арзанда, ба хотири ояндаи дурахшони мамлакат ва ҳаёти осоишта овоз диҳед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg