БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯК ОВОЗ ТАҚДИРИ ЯК ҶОМЕАРО ҲАЛ МЕКУНАД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҳувон дар ҳайати  раиси Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф, муовини раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат ҷиҳати ташвиқи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар деҳаи Охбулоқи Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон бо интихобкунандагон  мулоқот баргузор гардид.

Баромадкунандагон  дар суҳбат  муҳтавои  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода,  таъкид намуданд, ки ин барнома ҷузъи таркибии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” буда, рушди ҳама соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишаварамонро дар ҳафт соли минбаъда, дар заминаи ислоҳот ва дигаргунсозиҳое, ки идома доранд, пешбинӣ менамояд ва мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва ба давлати рушдёфта табдил додани Ватани азизамон аст. Ҳамакнун  қайд карда шуд, ки  ҳар як сокини деҳаро зарур аст, ки дар интихоботи  дарпешистода иштироки фаъолона намуда, раъйи худро ба номзади интихобкардаашон диҳанд, чунки, як овоз тақдири як ҷомеаро ҳал месозад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg