БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ НОМЗАДИ АРЗАНДА ИФТИХОР АСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ бо сокинони деҳаи Узуни Ҷамоати деҳоти Узун бо усули “хона ба хона” оид ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор карданд.

Масъулин зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, нақша ва барномаҳои дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ гардидани нақбҳои автомобилӣ ва сохта ба истифода додани агрегатҳои барқи обии Роғун ва ғайра, ки бевосита бо шарофати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст, суханронӣ намуданд.

Сипас, дар навбати худ интихобкунандагон суханрониҳои  гурӯҳи тарғиботиро ҳамаҷониба дастгирӣ, карда гуфтанд, ки  хизматҳое, ки Пешвои миллат нисбати давлату миллат намудаанд, бесобиқа буда, воқеан  мо шаҳрвандон ҷонибдори  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем ва дар рӯзи интихобот ба номзади арзандаи  ҲХДТ овоз хоҳем дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg