БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони фаъоли кишвар аз ҷониби сокинон ҳамовозӣ ёфт

ТЕМУРМАЛИК. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  Абдуллоев Эмомалӣ бо сокинони деҳаи Танобчии поёни ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 маълумоти муфассал  дод.

Инчунин, доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид сокинони деҳаи Танобчии поён Мустанов Ватан ва Валиева Моҳигул андешаҳои худро баён намуда, хоҳиш карданд, ки бо қабули 5 нафар сокинони деҳа дар маҳаллаи онҳо  ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ ташкил карда  шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg