БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ШУКРГУЗОРӢ АЗ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИАМОН ВОҚЕЪБИНОНА ИНТИХОБ МЕНАМОЕМ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолии деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти “50-солагии Тоҷикистон” мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.

Намояндагон дар раванди мулоқотҳо ба сокинон нишондиҳандаҳои тараққиёти рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва давоми солҳои 2013-2020-ро ба мардум бо мисолҳои мушаххас қайд намуда, амалу тадбирҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки то соли 2027 ба нақша гирифта шудаанд, ба саҳми онҳо расониданд.

Аъзои гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ миёни аҳолӣ оид ба иштироки оммавияти мардум дар интихобот, бори дигар саҳм гузоштани шаҳрвандон дар бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ дар раванди интихобот  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, сокинонро ба корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагии маҳал, даъвати ҷавонони синну соли даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ даъват намуданд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg