БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МАН - САҲМ ДАР БУНЁДИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва аъзои гурӯҳи тарғиботии ноҳиявии пешазинтихоботии ҲХДТ, ки дар ин гурӯҳ собиқадорони ҳизб, вакилони ноҳиявӣ, вакилони ҷамоатӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шомил гардидаанд, бо мақсади ташвиқу тарғиби номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо мардум мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.  

Дар ин мулоқотҳо намояндагон номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, дастовардҳои давлату ҳукумат ва некӯаҳволии мардуми Тоҷикистонро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва даврони роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, кӯшишу талошҳои шабонарӯзии ин марди шарифро барои сулҳу субот ва сарҷамъии мардум дар Тоҷикистон қайд намуданд.  

Намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботӣ мардумро ба шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва шукргузорӣ аз амнияту суботи ҷомеа даъват намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ, пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус,  самаранок истифода бурдани заминҳои корам, захираи маводи ғизоӣ ва даъвати ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ дастуру маслиҳатҳо манзур карданд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg