БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БО КОРМАНДОНИ САҲРО

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои  гурӯҳи  таблиғотии  назди  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   ва аъзои зергурӯҳҳои  ҳудуди  Ҷамоати  деҳоти Истиқлол дар  деҳаи  Олтинсой  дар  саҳро бо кормандони хоҷагиҳои  деҳқонӣ бо    интихобкунандагон  суҳбату  мулоқотҳо  оид ба     интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  намуданд. Аъзои  гурӯҳи   тарғиботӣ ва  ҳамчунин  зергурӯҳҳо  ба  интихобкунандагон  иттиллоъ  доданд, ки иштирок  дар  интихобот  ҷузъи  таркибии  ҳуқуқи  конститутсионии  ҳар  як шахс  аст ва  интихоби дурусти мо  омили  рушди ояндаи дурахшони  кишварамон, наслҳои  ояндаамон ва зиндагии  шоистаи  мардум  мебошад.

Ҳамоҳангсози  гурӯҳи  таблиғотӣ  кормандони  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳия ба  интихобкунандагон  оид ба Барномаи  пешазинтихоботии  номзад ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар  ҳафт  соли  оянда  андешаронӣ карда,  қайд  намуданд, ки  Пешвои  миллат  бо  ташаббускориҳои  наҷиби  худ дар  сатҳи   оливу  ҷаҳонӣ ибрати  шахсӣ ва  иродаву  нерӯмандии  худ намунаи  ибрат  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg