ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар чойхонаи маҳаллаи Правдаи ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳия бо иштироки зиёда аз 50 нафар сокинон ва фаъолони маҳалла суҳбат доир гардид.
Нахуст, ҷамъомадро мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Холов Диловар кушода, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханрони намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки бо назардошти он, ки соли 2018 дар вилоят Соли тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал эълон гардидааст, масъулини Кумитаи иҷроия тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамаи маҳаллаю деҳаҳои ноҳия чорабиниҳоро бо ҷалби сокинони деҳот доир менамоянд.
Баъдан, Шомаҳмадзода Музаффар оид ба Паёми созандаи Сарвари давлат суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, соли 2018-ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки он аз ҷониби мардуми кишвар хуб пазируфта шуд.
Дар ин росто, ташаббуси пешниҳодкардаи Пешвои миллат барои эҳёи фарҳанги миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, аҳолиро ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои миллӣ ҳавасманд мегардонад.
Ҳамзамон, ин ба тозагиву покизагии макону атрофи ҷойҳои таърихии кишварамон, ки ба рушди сайёҳӣ алоқмандии зич дорад, мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, масъулин доир ба хатарҳои терроризму экстремизм, истифодаи нодурусти технологияи муосир ва коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа суханронӣ намуда, зикр карданд, ки мубориза бурдан бар зиддӣ ин амалҳои номатлуб ва пешгирии онҳо вазифаи ҳар як шахси худогоҳу худшинос мебошад.
Дар охир, собиқадори ҳизб Кабиров Нурулло ба сухан баромада, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии диёр ва ваҳдату ягонагии кишвар суханронӣ намуда, хурсандии хешро аз таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаашон баён намуд. Аз ҷумла иброз дошт, ки ҷавобан ба иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар тасмим гирифтаанд, ки бо дастгирии мардуми маҳалла аз ҳисоби маблағҳои худӣ роҳҳои мошингарди ду деҳаи ҳамин маҳалларо сангфарш намоянд.